Таолуллоҳ Чӣ Давлат Дорам Имшаб,

Таолуллоҳ чӣ давлат дорам имшаб,
Ки омад ногаҳон дилдорам имшаб.
Чу дидам рӯи хубаш, саҷда кардам,
Биҳамдуллоҳ накӯкирдорам имшаб.
Ниҳоли сабрам аз васлаш бар овард,
Зи бахти хеш бархурдорам имшаб.
Бар он азмам, ки гар худ меравад сар,
Ки сарпӯш аз табақ бардорам имшаб.
Кашад нақши аналҳақ бар замин хун,
Чу Мансур ар кашӣ бар дорам имшаб,
Ту соҳибнеъматӣ, ман мустаҳиқам,
Закоти ҳусн деҳ ҳақ дорам имшаб,
Ҳаметарсам, ки Ҳофиз маҳв гардад
Аз ин шӯре, ки дар сар дорам имшаб.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *