Соқиё, Омадани Ид Муборак Бодат,

Соқиё, омадани ид муборак бодат,
В-он мавоид, ки кардӣ, маравод аз ёдат!
Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ
Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.
Бирасон бандагии духтари раз, гӯ, бадар ой,
Ки даму ҳиммати мо кард зи банд озодат.
Шодии маҷлисиён дар қадаму мақдами туст,
Ҷои ғам бод ҳар он дил, ки нахоҳад шодат.
Шукри эзид, ки зи тороҷи хазон рахна наёфт,
Бӯстони суману сарву гулу шамшодат.
Чашми бад дур, к-аз он тафриқаат боз овард,
Толеи номвару давлати модарзодат.
Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ
В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *