Сари Савдои Ту Андар Сари Мо Мегардад,

Сари савдои ту андар сари мо мегардад,
Бин, ки андар сари шӯрида чиҳо мегардад!
Ҳар кӣ дил дар хами чавгони сари зулфи ту баст,
Лоҷарам гӯйсифат бе сару по мегардад.
Гарчи бедоду ҷафо мекунад он дилбари мо,
Ҳамчунон дар паи ӯ дил ба вафо мегардад.
Аз ҷафои фалаку ғуссаи даврон сад бор,
Бар танам пираҳани сабр қабо мегардад.
Дар заифиву низорӣ тани бечораи ман
Чун ҳилолест, ки ангуштнамо мегардад.
Булбули табъи ман аз фурқати гулзори рухаш
Дергоҳест, ки бе баргу паво мегардад.
Ба ҳаводории он сарвқади лолаузор
Басе ошуфтаву саргашта чу мо мегардад.
Дили Ҳофиз чу сабо бар сари кӯи ту муқим,
Дардмандест ба уммеди даво мегардад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *