Равшан Аз Партави Рӯят Назаре Нест, Ки Нест,

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест,
Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест.
Нозирӣ рӯи ту соҳибназаронанд, оре,
Сирри гесуи ту дар ҳеҷ саре нест, ки нест.
Ашки ғаммози ман ар сурх барояд, чӣ аҷаб?
Хиҷил аз кардаи худ пардадаре нест, ки нест.
То ба доман нанишинад зи насимаш гарде,
Селхез аз назарам раҳгузаре нест, ки нест.
То дам аз шоми сари зулфи ту ҳар ҷо назанад,
Бо сабо гуфтушунидам саҳаре нест, ки неет.
Ман аз ин толеи шӯрида ба ранҷам варна
Баҳраманд аз сари кӯят дигаре нест, ки нест.
Аз ҳаёи лаби ширини ту, эй чашмаи нӯш,
Ғарқи обу арақ акнун шакаре нест, ки нест.
Маслиҳат нест, ки аз парда бурун афтад роз
Варна дар маҷлиси риндон хабаре нест, ки нест.
Шер дар бодияи ишқи ту рӯбоҳ шавад,
Оҳ аз ин роҳ ки дар вай хатаре нест, ки нест.
Оби чашмам, ки бар ӯ миннати хоки дари туст,
Зери сад миннати ӯ хоки даре нест, ки нест.
Аз вуҷудам қадаре ному нишон ҳаст, ки ҳаст
Варна аз заъф дар он ҷо асаре нест, ки нест.
Ғайр аз ин нукта, ки Ҳофиз зи ту нохушнуд аст,
Дар саропои вуҷудат ҳунаре нест, ки нест.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *