Манам Аз Зулфи Чун Занҷири Ёре

Манам аз зулфи чун занҷири ёре
Парешонтолее, девонаворе.
Ба ғайр аз ошиқиву майпарастӣ,
Зи дастам барнаёяд хеҷ коре.
Нагардад гирди ӯ ғам, ҳар кӣ бигрифт
Чу чашмаш гӯшаеву кунҷи ғоре.
Зи борони сиришқ аз чашми пурхун
Ҳарими кӯи ӯ шуд лолазоре.
Дар ин саҳрои ғам чун гирдбодам,
Ҳамеша беқароре, хоксоре
Дар ин гулшан надидам ҷониби гул,
К-аз ӯ дар пои дил нашкаста хоре.
Набошад ҳеҷ ошиқ ҳамчу Ҳофиз,
Фақире, бекасе, беэътиборе.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *