Дӯш Огаҳӣ Зи Ёри Сафаркарда Дод Бод,

Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод,
Ман низ дил ба бод диҳам, ҳар чӣ бод, бод.
Корам бад-он расид, ки ҳамрози худ кунам
Ҳар шом барқи ломеу ҳар бомдод бод.
Дар чини турраи ту дили беҳифози ман
Ҳаргиз нагуфт маскани маълуф ёд бод.
Имрӯз қадри панди азизон шинохтам,
Ё раб, равони носеҳи мо аз ту шод бод!
Хун шуд дилам ба ёди ту ҳар гаҳ, ки дар чаман,
Банди қабои ғунчаи гул бод мекушод.
Аз даст рафта буд вуҷуди заифи ман,
Субҳам ба бӯи васли ту ҷон боз дод бод.
Ҳофиз ниҳоди неки ту қомат бароварад,
Ҷонҳо фидои мардуми некуниҳод бод.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *