Дидам Ба Хоб Дӯш, Ки Моҳе Баромадӣ,

Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ,
К-аз акси рӯи ӯ шаби хиҷрон саромадӣ.
Таъбир рафт ёри сафаркарда мерасад,
Эй кош, ҳарчи зудтар аз дар даромадӣ.
Зикраш ба хайр, соқии фархундафоли ман,
К-аз дар мудом бо қадаҳу соғар омадӣ.
Хуш будӣ, ар ба хоб бидидӣ диёри хеш,
То ёди сӯҳбаташ сӯи мо роҳбар омадӣ.
Файзи азал ба зӯру зар ар омадӣ ба даст,
Оби Хизир насибаи Искандар омадӣ.
Он аҳд ёд бод, ки аз бому дар маро,
Ҳар дам паёми ёру хати дилбар омадӣ.
Кай ёфтӣ рақиби ту чандин маҷоли зулм,
Мазлуме ар шабе ба дари довар омадӣ.
Хомони раҳнарафта чӣ донанд завқи ишқ?
Дарёдилӣ биҷӯй, далерӣ саромадӣ,
Он, к-ӯ туро ба сангдилӣ кард раҳнамун,
Эй кошки, ки пош ба санге баромадӣ.
Гар дигаре ба шеваи Ҳофиз задӣ рақам,
Мақбули табъи шоҳи ҳунарпарвар омадӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *