Дар Намозам Хами Абрӯи Ту Бо Ёд Омад,

Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.
Аз ман акнун тамаи сабру дилу ҳуш мадор,
К-он таҷаммул, ки ту дидӣ, ҳама бар бод омад.
Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд,
Мавсими ошиқиву кор ба бунёд омад.
Бӯи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам,
Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.
Эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамой,
Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.
Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,
Дилбари мост, ки бо ҳусни Худодод омад.
Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,
Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.
Мутриб, аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,
То бигӯям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *