Ба Ҷони Хоҷаву Ҳаққи Қадиму Аҳди Дуруст,

Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст,
Ки мӯниси дами субҳам дуои давлати туст.
Сиришқи ман, ки зи тӯфони Нӯҳ даст барад,
Зи лавҳи сина наёрист нақши меҳри ту шуст.
Бикун муомилае в-ин дили шикаста бихар,
Ки бо шикастагӣ арзад ба сад ҳазор дуруст.
Забони мӯр ба Осаф дароз гашту равост,
Ки хоҷа хотами Ҷам ёва карду бозиаҷуст.
Дило, тамаъ мабур аз лутфи бениҳояти дӯст,
Чу лофи ишқ задӣ, сар бибоз чобуку чуст.
Ба сидқ кӯш, ки хуршед зояд аз нафасат,
Ки аз дурӯғ сияҳрӯй гашт субҳи нахуст.
Шудам зи дасти ту шайдои кӯҳу дашту ҳанӯз
Намекунӣ ба тараҳҳум нитоқи силсила суст.
Маранҷ, Ҳофиз аз дилбарон ҳифоз маҷӯй,
Гуноҳи боғ чӣ бошад, чу ин гиёҳ наруст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *