БАЪДИ ТУ – Лоик Шерали

БАЪДИ ТУ

Солҳои охир аз забони устоди бузургвор
Мирзо Турсунзода байти зеринро такрор
ба такрор шунидаам:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.
Тарсам, ки низ баъди ту ғам бепадар шавад,
Ин бепадар ба ӯҳдаи мо бештар шавад.
Шеъре, ки аз дил ояду аз ҷону аз ҷигар,
То боз бар диле расад, хуни ҷигар шавад.

Тарсам, ки дар қаламрави илҳоми шоирон
Ҷои қаламкашон расад садҳо хабаркашон.
Бокам зи марги ҷисм не, зеро ту зиндаӣ,
Метарсам аз намурдани муллонуқотиён.

Метарсам аз намурдани якчанд бехабар,
Метарсам аз намурдани якчанд бебасар,
Метарсам аз намурдани якчанд мурдадил,
Метарсам аз намурдани якчанд беҷигар.

Дар шоирӣ зи баъди ту гар куҳна, гар навем,
Аз офтоби назми ту як мила партавем.
Ғам бепадар шавад чи ғам, ин худ сазои ӯст,
Тарсам, ки баъди марги ту мо бепадар шавем…

[1981]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *