Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман рӯи ту медидам, – Лоик Шерали

Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман рӯи ту медидам,
Ман аз ҳар байти Саъдӣ байти абрӯи ту медидам.
Чу шеъри дард мехондӣ зи ишқу аз шикасти бахт,
Дили худро шикаста дар сари кӯи ту медидам.

Садоят ларзаҳое дошт – рамзи ларзаҳои дил,
Нигоҳат бозгӯ мекард дарди бедавои дил.
Зи дарди бедавои дил ғазал хондию донистам
Ту ҳам печидаӣ, шукри худо андар балои дил.

Ту медонӣ, ки ман аз мардуми хунсард дилгирам,
Зи даъвои даҳанмардони худ номард дилгирам.
Ман аз ҳар аҳли дарде, ки бихонад шеър, меболам,
Зи оҳи бардурӯғи шоири бедард дилгирам.

Ту онӣ, ки тавонӣ бо дили ман ҳамнаво бошӣ,
Балои ҷони ман бошию худ дур аз бало бошӣ.
Ту битвонӣ диламро рӯи каф гирию бинвозӣ,
Агарчанде ба ҳукми сарнавишт аз ман ҷудо бошӣ.

Туро ман бо ҳама сӯзу навоят дӯст медорам,
Туро ман бо бисоти дардҳоят дӯст медорам.
Бимон бо дардҳои ишқ, то дар сина дил дорӣ,
Туро ман бо дили дардошноят дӯст медорам.

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *