ЁРИ ДИЛ – Лоик Шерали

ЁРИ ДИЛ

Як лаҳзае, як соате
Бе меҳнате, беминнате
Бо ман бимон, бо ман бимон
То бо ту дорам давлате.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.

Биншин, ки бинам рӯи ту,
Дасте барам бар мӯи ту.
То рангу бӯи зиндагӣ
Ёбам зи рангу бӯи ту.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.

Пеш о, ки қурбонат шавам,
Қурбони чашмонат шавам,
Гаҳ сарфишон, шаҳ ҷонфишон
Бар мӯи афшонат шавам.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *