Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам, – Лоик Шерали

Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам,
Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мехоҳам.
Ба пои ёр ба монанди арғувони баҳор
Зи пой то ба сарам гулфишонӣ мехоҳам.
Хазони умр фаро мерасад, мани шоир
Зи боғи шеъри Аҷам бехазонӣ мехоҳам.
Сабуксарони замона маро хиҷил карданд,
Биёр ратли гарон, саргаронӣ мехоҳам…
Ба ҳар кӣ менигарам, эй басо зи худ рафтаст,
Зи худшинохтагон муждагонӣ мехоҳам.
Маро ба ҳоли худам дил намегузорад ҳеҷ,
Вагарна боз ҷавонӣ, ҷавонӣ мехоҳам.
Чунон ки ошиқам имрӯз аз насиби азал,
Ҳазор соли дигар зиндагонӣ мехоҳам.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *