Дар лаби дарёи кӯҳӣ кокулонат бод мерафт, – Лоик Шерали

Дар лаби дарёи кӯҳӣ кокулонат бод мерафт,
Оби дарё бо ҳазорон нолаву фарёд мерафт.
Зиндагиям бо ҳазорон шиква аз пеши назарҳо
Ҳамчу мавҷи беқарори рӯд беистод мерафт.
Лаб-лаби дарё чу дарё мегузаштӣ ё чу умре,
Кардаву нокардаҳоям як ба як аз ёд мерафт.
Чашмам аз дунболи ту оинадори роҳ будат,
Ҷони ман чун сайди маҷрӯҳе сӯи сайёд мерафт.
Охирин уммеди ман мерафт ҳамроҳат зи пешам,
Гӯиё Маҳмуди Воҳид ҷониби Бағдод мерафт…
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *