Чу хонам шеърҳои тозапардоз – – Лоик Шерали

Чу хонам шеърҳои тозапардоз –
Ба ранги нав ҳама такрори пешин
Бигӯям, – офарин бодо ба Хайём,
Ки беподош гуфт абёти рангин!

Чу хонам шеърҳои бефурӯғе,
Ки натвонанд боре дил барафрӯхт,
Бигӯям, – офарин бодо ба Ҳофиз,
Ки моро роҳу расми шеър омӯхт.

Чу мардум соли навро ҷашн гиранд,
Ки гӯӣ тоза созад ҷону танро.
Чу бе соли куҳан Соли наве нест,
Бигирам ҷашн ман соли куҳанро

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *