Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам, – Лоик Шерали

Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам,
Дили мо гарчи ҳоло ҳам ҷавон аст
Вале эҳсоси мо он рӯди кӯҳист,
Ки байни соҳили маснӯъ равон аст.

Кунун бо роҳу расми рӯзгорон
Шудем он сон батамкину бабардошт,
Ки ҳар кӣ бингарад бар мо, бидонад
Замоне табъи мо шӯри дигар дошт.

Зи худ рафтем гоҳо аз ҷавонӣ,
Зи худ рафтем, то бар худ расидем.
Ба олам то мақоми худ биёбем,
Дамидему тапидему паридем.

Зи худ рафтем, то худро биҷӯем,
Зи худ рафтем аз ҷӯши ҷавонӣ.
Зи худ рафтем аз ҳад бешу онан
Ба худ овард моро зиндагонӣ

Назар бинмо гаҳе бар рӯди Варзоб,
Ки оғозаш ҳама шӯр асту туғён,
Вале ояд чу бар шаҳри Душанбе
Шавад оромтабъу сустҷарён.

Назар бинмо гаҳе бар рӯди Варзоб,
Ки аввал худ ба майли худ равон аст,
Вале ояд чу бар шаҳри Душанбе
Варо ду соҳил аз сангу битон аст…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *