Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост, – Лоик Шерали

Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,
Айни сабзидану шукуфтанҳост.
Бахши ман ҳар чӣ ҳаст, дирӯзист,
Бахши ту ҳар чӣ ҳаст, дар фардост.

Ту ҷавонӣ, нахонда медонӣ
Ишқро чун атои раббонӣ.
Ҳуснро мешиносӣ сад раҳ беҳ
Аз дусад файласуфи юнонӣ.

Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,
Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.
Боғи ту з-офати хазон ғофил,
Субҳи ту бехабар зи бегоҳ аст.

Ҳама кас бингаранд ҷониби ту,
Гӯӣ бошанд ҷумла толиби ту.
Ту набинӣ ягон сазоворе
То шавад дар ҳаёт соҳиби ту.

Ошиқе ҳасту ошиқи дил нест,
Мушфиқе ҳасту мушфиқи дил нест.
Аз миёни ҳазор ошиқи зор
Лоиқе ҳасту лоиқи дил нест…

Лек ғам нест аз “фалониҳо”.
Шукри айёми шодмониҳо.
Бигзарӣ аз миёни кӯчаи шаҳр
Пур шавад шаҳр аз ҷавониҳо.

Бинам озод дар хиёбонат,
Милаҳо мерасад ба домонат.
Резиши обшорро монад
Пилтаҳои сафеди зулфонат.

Чашми бахт аст чашми ҷодуят,
Рӯи бахт аст ду бари рӯят.
Он қадар нозукӣ, ки метарсам
Бибарад бод пилтаи мӯят.

Он қадар нозукиву покниҳод,
Шудаӣ гӯӣ баҳри ишқ эҷод.
Нарасад бар сияҳдаруне кош
Рӯи испеди духти ҳурнажод.

Ба ту номусу ном мехоҳам,
Ишқи беинтиқом мехоҳам.
Дар шумори тамоми кокулҳот
Ба ту бахти тамом мехоҳам!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *