Рез, борон, рез, борон! – Лоик Шерали

Рез, борон, рез, борон!
Он чунон ки резад ашки сӯгворон.

Ёлаҳои кӯҳсоронро бишӯ,
Милаҳои шохсоронро бишӯ,
Гарди рӯи раҳгузоронро бишӯ,
Рез, борон, рез, борон!

Рез, борон,
То барояд дар уфуқ рангинкамон
То давам дар зери борон пои урён,
То биёбам ҷойгоҳашро, ки мегӯянд
Пинҳон аст он ҷо кони тилло…

Ман басо дар баччагиям медавидам
Зери борон
Пои урён
Аз паи рангинкамон,
Кони тиллое ба ҷои ӯ надидам,
Лек дар зери камони ҳафтранг
Дар дили худ ёфтам кони сухан.

Рез, борон
Он чунон, к-аз синаи ман резад эҳсосе ҳазорон.
Рез, борон,
То ки дар тӯри булӯрият фаро гирӣ диламро,
То бишӯӣ он ҳама гарду ғубореро, ки ман
Дар сару рӯям зи роҳи зиндагӣ овардаам,
То бишӯӣ доғҳои синаамро,
Ки ман онҳоро чу муҳри шеъри худ парвардаам.
Ман басо дар роҳҳои зиндагонӣ
Пешпо хурдам ба ганҷи табъи шӯрангези худ.
Ман басо дар худ фурӯ рафтам, ки шояд
Ёбам асрори ҳама буду набуд.
Он қадар аз худ бирафтам, ки ба худ н-оям дигар…

Рез,
Он сон, к-аз сари мо бигзарад ин рӯзгорон…
Рез, борон!
Рез, борон!..

[1976]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *