Оқибат мерасам ба он манзил, – Лоик Шерали

Оқибат мерасам ба он манзил,
Ки раҳаш печутобҳо дорад.
Бо ҳама ростиву ҳамворӣ
Бас фиреби саробҳо дорад.

Оқибат мерасам ба он мақсад,
Ки аз ӯ дар дили ман оташҳост.
Чӣ такопӯ, чи рангбозиҳо,
Чи задухурд, чи кашокашҳост.

Оқибат мерасам ба он кӯе,
Ки ту гӯӣ ҳаволагоҳи ман аст.
Ҳар чие нест, ҳаст дар дили ман,
Рӯҳи ман, роҳи ман, рафоҳи ман аст.

Оқибат мерасам ба он ёре,
Ки аз ӯ як нигоҳи гарм бас аст.
Домани ӯст баски домани уфқ,
Дастнорас, валек чашмрас аст.

Оқибат мерасам ба он қулла –
Қуллаи бахт, қуллаи уммед.
Дар ҷаҳон то даме, ки ҳастам ман,
Ҳастии хешро кунам таъкид…

[1974]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *