Ғазали 23 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 23

Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз, К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.

Он зулфи иарешон задаӣ шона, надонам,

Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз. Бар гӯшаи дастор ту он лолаи сероб,

Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?

Эй согари табхола, аз ин гашна саломе,

Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз. Махмурию мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат, Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз. Абри чӣ баҳор аст, ки бар бисмили нозат, Теги мижа бо барқ баробар задаӣ боз.

Ҳуш дор, ки парвози ғурурат парабояд,

Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз.

Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ, Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?

Аз хок дамидан ба қабо сарфа надорад,

Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз? Бедил, зи фурӯги гуҳари назми ҷаҳонтоб, Доман ба чароги маҳу ахтар задаӣ боз.

РУБОИИ 23

Бедил, ба хаёлоти ҷунункеш матоз,

Дархӯрди нафас қадам шумар, беш матоз. Номурда гами субҳи қиёмат, чӣ балост?

Эй ҳарзаамал, пештар аз пеш матоз!

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *