Ай Аҳли Сабӯҳ Дар Чӣ Коред – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай аҳли сабӯҳ, дар чӣ коред!
Шаб мегузарад, раво мадоред!
Монандаи офтоби рахшон
Аз ҷоми сабӯҳ сар бароред!
Ай шабшумарон, агар шумор аст,
Боре шаби зулфи ӯ шуморед!
Захме, ки задаст во намоед,
Гар панҷаи шерро шикоред!
Дар хоб шавед, ай малӯлон,
В-ин хилватро ба мо супоред!
Меояд он нигор имшаб,
Чун мунтазирони он нигоред!
З-он рӯй, ки Шамси дини Табрез
Донад, ки шумо дар интизоред!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *