Ғазали 31 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 31

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил,

Ки дард ояд, агар гӯям: «Биё, дил». Ҷамолат мақсади чашм аст, ку чашм? Ғамат боби дил аст, аммо куҷо дил? Саропо нола мсҷӯшсм чун мавҷ, Тапиш хун кард дар ҳар узви мо дил. Дирои корвони дашти яъссм,

Чӣ созад, гар наполад бенаво дил? Суроги мо губори боли анқост,

Ба ранги рафта дорад нақши по дил. Зи ашку оҳи муштоқон мапурссд, Ҳуҷуми бисмил аст аз дида то дил.

Зи парвози нафас ғофил мабошед,

Чу шабнам рсша дорад дар ҳаво дил. Зи хоки мо қадам фаҳмида бардор, Мабодо, бишканӣ дар зсри по дил. Дар ин маҳфил касе муҳтоҷи кас нест, Ҳамин кори дил афтодаст бо дил. Гирифторам,гирифторам,гирифтор, Намедонам, нафас дом аст ё дил?

Ба сурат Бсдилсм, аммо ба маънӣ, Бувад чун ашк сар то пойи мо дил.

РУБОИИ 31

Ҳар сониҳас, ки шуд ба афсона далел, Бскории халқ шуҳраташрост кафил. Мӯсо то ҳол мсшикофад дарё, Фиръавн ҳанӯз мехӯрад гӯта ба Нил.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *