Нурест Миёни Шаъри Аҳмар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нурест миёни шаъри аҳмар
Аз дидаву ваҳму рӯҳ бартар!
Хоҳӣ худро бад-ӯ бидӯзӣ,
Бархезу ҳиҷоби нафс бардар!
Он рӯҳи латиф сурате шуд,
Бо абруву чашму ранги асмар!
Бинмуд Худойи бечигуна
Бар сурати Мустафо – Паямбар!
Он сурати ӯ фанои сурат,
В-он наргиси ӯ чу рӯзи маҳшар!
Ҳар гаҳ, ки ба халқ бингаридӣ,
Гаштӣ зи Худо кушода сад дар!
Чун сурати Мустафо фано шуд,
Олам бигирифт Илоҳу Акбар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *