Бишнав, ки чи мегӯяд, бингар, ки чи дам дорад!
Гар ҷисми тунук дорад, ҷони ту сабук дорад,
Ҳарчанд, ки сад лашкар дар катми адам дорад!
Гар мондайӣ дар гил, рӯй ор ба соҳибдил,
К-ӯ мулки абад бахшад, к-ӯ тоҷи қидам дорад!
Ай дил, ки ҷаҳон дидӣ, бисёр бигардидӣ,
Бинмой, киро дидӣ, к-аз ишқ рақам дорад?!
Ай маркаби худкушта в-ай гирди ҷаҳон гашта,
Боз ой ба хуршеде, к-аз сина карам дорад!
Он синаву чун сина?! Сайқалдиҳи ойина!
Он сина, ки андар худ сад боғи Ирам дорад!
Ин ишқ ҳамегӯяд, к-он кас, ки маро ҷӯяд,
Шартест, ки ҳамчун зар дар кӯра қадам дорад!
Ман симтане хоҳам, ман ҳамчу мане хоҳам,
Безорам аз он зиште, к-ӯ симу заре дорад!
Алқоби Салоҳуддин бар лавҳ чу пайдо шуд,
Инсоф, басе миннат бар лавҳу қалам дорад!