Рӯйи Ту Чун Рӯйи Мор Хӯйи Ту Заҳри Қадид – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид,
Ай хунук онро, ки ӯ рӯйи шуморо надид!
Ман шуда миҳмони ту, дар чамани ҷони ту
Пой пур аз хор шуд, даст яке гул начид!
Ай масали хорпушт гирди ту хори дурушт,
Хори ту моро бикушт, мори ту моро газид!
Бо ту мувофиқ шудам, бо ту мунофиқ шудам,
Бар даба ошиқ шудам, дар даба зайти палид!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *