Ҳам Лабони Майфурӯшат Бодаро Арзон Кунад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳам лабони майфурӯшат бодаро арзон кунад,
Ҳам ду чашми шӯхи мастат ратлро гардон кунад!
Ҳам ҷаҳонро нур бахшад офтоби рӯйи ту,
Заҳрро тарёқ созад, куфрро имон кунад!
Ҳар киро дар чашм орад, чашми ӯ равшан шавад,
Ҳар киро аз ҷон барорад, ғарқаи ҷонон шавад!
Чунки бар курсӣ барояд подшоҳи рӯйи ӯ,
Чархро барҳам даронад, аршро ларзон кунад!
Он ки аз ҳоҷат назар дорад ба косай ҳар касе,
Лутфи ӯ баргираду ҳамкосаи султон кунад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *