Дастҳоям буйи хун дорад…

Дастҳоям буйи хун дорад…
Диламро кандаам бо нохуни нафрат.
Аз уву ишқу мастиш.
Мисоли бут варо дигар намесозам парастиш!
Нигоҳам-яхмазори сарди беҳосил ,
Даруни сина санге дар мақоми дил!
Зи пистони вафо хуноба мешорад,
Зи чашмони ҳавас руи ду рухсори висол акнун тагарги яъс меборад..

Ҳамедонам, ки ин поёни дунё нест.
Ҳақиқатҳои талхи зиндагонӣ моли руъё нест.
Нагу, зан раъшаи ҳангома дорад.
Ба ҳар як байт неши хома дорад;
Шикоятнома дорад!

Дилам озурда шуд,
Озорҳо дидам.
Фуруши қалбу имон дар сари бозорҳо дидам.
Надорам ҷой дар олам,
Набишносам ягон одам.
Фитода дар чаҳи ранҷу азобу ғам
Худоё, омадан бар худ ҳамехоҳам!

Дар авҷи ошиқӣ ашки ҷудоӣ рехт,
Дар авҷи ошиқӣ дастони моро, оҳ, бибриданд.
Дар авҷи ошиқӣ гулҳои гулдоони ниёз оҳиста хушкиданд,
Дар авҷи ошиқӣ моро куҷо бе гиряҳо диданд?!
Ҳамин аст УМР?
Ҳамин аст ИШҚ ?
Ҳамин аст БАХТ?
ТУФ кардам!
Аз ин бадтар набошад рӯзгори сахт!

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *