Ғазалиёт – Лоика Шерали
Содаю содашуморем, ҳамин тинати мост – Лоик Шерали
Содаю содашуморем, ҳамин тинати мост Таҳи кору таҳи борем, ҳамин қисмати мост. Ханда мегирадам аз мушту гиребоншудагон, Даст бар гардани ёрем, ҳамин давлати мост. Ҷумлае…
Парво макун, азизи ман, к-ин дил барои туст – Лоик Шерали
Парво макун, азизи ман, к-ин дил барои туст Гӯянд гарчи носазо, танҳо сазои туст. Дар кӯчаҳои танг туро ёд мекунам, Ҳар ҷо, ки пой мениҳам,…
Он, ки аз кокули ту бӯйи вафо нашнидаст – Лоик Шерали
Он, ки аз кокули ту бӯйи вафо нашнидаст Пайке аз дойираи дори бақо нашнидаст. Ҷониби кӯҳ садо гар задӣ, пажвок ояд, Касе аз санги диле…
Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам, – Лоик Шерали
Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам, То даме, ки ақлу ҳушам ҳаст, мастӣ мекунам. Оташи дил мепарастам, оташи дилҳои пок, Ман ба ин маънӣ…
Мо зи асли хештан азбакси дур афтодаем, – Лоик Шерали
Мо зи асли хештан азбакси дур афтодаем, Раста аз гӯре, дигарбора ба гӯр афтодаем. Рӯи хотирбиниву меҳмоннавозимон чӣ дод? Дода бас нону намак, бо бахти…
Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам, – Лоик Шерали
Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам, Ман замини рӯҳамро роҳи раҳравон кардам. Омадам дар ин дунё, рафтаму надонистам Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину он…
Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, – Лоик Шерали
Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро. Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае, Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро. Накошта қаламчае қалам-қалам ҳамекунад…
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст – Лоик Шерали
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст….
Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман, – Лоик Шерали
Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман, Халқи ман, эй асли нангу номи ман. Бахти сабзу рӯи сурху чашми сер, Обрӯю иззату икроми ман. Ман агар…
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд, – Лоик Шерали
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд, Нақди умрам лаҳзаи дидор буд. Ҳар шарори бӯса аз лабҳои ӯ Шуълаи барқи ҷаҳони тор буд….
Дидори ту барои ман дидори зиндагист, – Лоик Шерали
Дидори ту барои ман дидори зиндагист, Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист. Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам, Ёдат чу ёди бахт…
Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст – Лоик Шерали
Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст Дар қавли мард ҳуҷҷате муҳкам намондааст. Чун тир рост мезанад бар синаҳои халқ Ҷуз марг бар ҷароҳате марҳам намондааст….
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд, – Лоик Шерали
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд, Халқи ҷаҳон зи бахти мо масрур мешуданд. Дар хилвате, ки мову ту ҳамроз мешудем, Хомӯшиҳо таронаи машҳур мешуданд. Мебуд…
Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ, – Лоик Шерали
Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ, Дар хеш нагунҷидиву болида гузаштӣ. Куштӣ ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор, Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ. Дар раҳгузарат пораи…
Бе ҳусни ту ҷавонии ман пир мешавад, – Лоик Шерали
Бе ҳусни ту ҷавонии ман пир мешавад, Уммеди шодмонии ман пир мешавад. Гар ҳамдилам намешавӣ як лаҳза дар ҷаҳон, Ишқи дили ҷаҳонии ман пир мешавад….
Андоми бихрадон бувад андоми зиндагӣ, – Лоик Шерали
Андоми бихрадон бувад андоми зиндагӣ, Пайғоми бехудон бувад пайғоми зиндагӣ. Гӯяд ҳар ахтаре, ки фурӯ уфтад зи чарх, К-эъдоми шоирон бувад эъдоми зиндагӣ. То он,…
Аз ин замони ғарқаи хун дилшикастаам, – Лоик Шерали
Аз ин замони ғарқаи хун дилшикастаам, З-ин бошу буди хору забун дилшикастаам. З-ин рӯзгори бадтар аз тоун умед нест, Аз барги кам, зи марги фузун…
Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд, – Лоик Шерали
Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд, Гӯӣ кӯҳи пайкарам аз зилзила ларзида буд. Он қадар будам гирифтори ҷамоли равшанат К-аз хурӯҷи ишқи…
Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ, – Лоик Шерали
Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ, Он, ки ман хоста будам зи ҷаҳон, они манӣ. Дар миёни ҳама ин талхиву шӯрии ҷаҳон…
Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо, – Лоик Шерали
Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо, Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо. Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада Бар сарнавишти бад гардан ниҳодаҳо. Дар чеҳри одамон нақши ғами замон – Ин…
Чи ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст – Лоик Шерали
Чи ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст Насими шумнафас дар гузор хунин аст. Дарахт дасти дареғо ҳамезанад бар сар, Ҷавона ғамзадаю шохсор хунин аст. Зи…
Ҳусни рӯзафзуни ту умри маро кам мекунад, – Лоик Шерали
Ҳусни рӯзафзуни ту умри маро кам мекунад, Қомати мавзуни ту қадди маро хам мекунад. Хондӣ бас шеъри тарамрову нахондӣ хотирам, Ваъдаҳои хушки ту чашми маро…
Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам, – Лоик Шерали
Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам, Дар рӯи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам. Аз ахтари чашмонам ҳар гӯша фурӯзон буд, Ҳам нури…
Умрам баҳорхонаи нақшу нигор буд, – Лоик Шерали
Умрам баҳорхонаи нақшу нигор буд, Шавқам нигорхонаи фасли баҳор буд. Чашмам ба сӯи осмон шабҳои ошиқӣ Дунболагири ахтари дунболадор буд. Ҷонам зи беқарории хуни ситезакор…
То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман, – Лоик Шерали
То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман, То туӣ замини дил, бурҷи осмонам ман. Бе ҳузури дидорат дар ҷаҳон ҳузурам нест, То туӣ ҷаҳони…
То бо ҷаҳони куҳнаву нав ошно шудам, – Лоик Шерали
То бо ҷаҳони куҳнаву нав ошно шудам, Бо доғҳои куҳнаву нав ҳамнаво шудам. Гуфтам замину осмонро васл медиҳам, Худ кӯфта чу донае дар осиё шудам….
Сар бибозам ба сарафрохтагон, – Лоик Шерали
Сар бибозам ба сарафрохтагон, Ошиқам бо дили дилбохтагон; Ошиқи ҷумлаи оташбозон – Умрҳо сӯхтаву сохтагон. Ошиқи он ҳама беханҷару теғ Хуб шамшери сухан охтагон. Ошиқи…
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам, – Лоик Шерали
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам, Боварам нест, ки ман дар ватани хештанам. Боварам нест, ки сад даст бувад ҳамдастам, Боварам ҳаст, ки…
Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам, – Лоик Шерали
Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам, Чанд рӯзе хешро бо зиндагӣ ҳампо кунам. Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг, Қарз бошад ёдгори…
Накашам бими хазон, то ту баҳорам бошӣ, – Лоик Шерали
Накашам бими хазон, то ту баҳорам бошӣ, Нашавам нақши замин, то ту нигорам бошӣ. Нагсалад силсилаи умри ман аз давлати ишқ, То ту, эй силсиламӯ,…
Мо низ дар замони худ дилдода будаем, – Лоик Шерали
Мо низ дар замони худ дилдода будаем, Мафтуни холу хатти худодода будаем. Бо он ҳама ғурури ҷавонӣ, ки доштем, Дар хоки остонае афтода будаем. Дар…
Ман ошиқам, ман ошиқам, ман ошиқи деринаам, – Лоик Шерали
Ман ошиқам, ман ошиқам, ман ошиқи деринаам, Ман ошиқи он соиду он ғабғабу он синаам. Гар ман надорам симу зар, гар ман надорам баҳру бар,…
Ку диле, то бибарам пеши дилогоҳи дигар – Лоик Шерали
Ку диле, то бибарам пеши дилогоҳи дигар Ё гузорам ба кафи дилбари дилхоҳи дигар? Нест он сар, ки нисори қадами ёр кунам, Нест пое, ки…
Ин чӣ рӯзу чӣ рӯзгорон аст – Лоик Шерали
Ин чӣ рӯзу чӣ рӯзгорон аст Ваҳму талвосаи ҳазорон аст. Дар назар ҷанг не, масофе не, Ҳар нафас бими тирборон аст. Зиндагӣ сахт, бандагӣ ҳам…
Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт, – Лоик Шерали
Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт, Бо ҳазорон дарду ҳасратҳо гузашт. Бахт мисли ахтаре дар чарх сӯхт, Ишқ чун ҷанҷоли давлатҳо гузашт. Бар сари мо то…
Дӯстонро ҳар қадар санҷидаам, – Лоик Шерали
Дӯстонро ҳар қадар санҷидаам, Он қадар аз зоташон ранҷидаам. Якҳавоӣ карда аммо дар бадал Ман аз эшон дуҳавоӣ дидаам. Ҷон гаравгон дода баҳри бӯсае, Баъди…
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод! – Лоик Шерали
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод! Ҳар лабе, ки бӯса кардам, ёд бод! То ба кӯи ёр бо сад ранҷу бим Роҳҳое, ки сипардам, ёд бод!…
Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам – Лоик Шерали
Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам Бемадорои муҳаббат бемадор истодаам. Тирамаҳ ҳарчанд мегӯяд: баҳорат рафтааст, Чун ҳинои санг ёде аз баҳор истодаам. Ишқи…
Гарчи як рӯз ва ё шаб зи ҷаҳон мегузарам, – Лоик Шерали
Гарчи як рӯз ва ё шаб зи ҷаҳон мегузарам, Ҳар қадар пир шавам, боз ҷавон мегузарам. Нигарони туву дидори ту будам ҳама умр, Ҳам пасин…
Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб, – Лоик Шерали
Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб, Худфиребам, худфиребам, худфиреб! То зи худ бегона, бо бегона хеш, Пурниҳебам, пурниҳебам, пурниҳеб! То фарози осмон гар рафтаам,…
Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам, – Лоик Шерали
Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам, Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мехоҳам. Ба пои ёр ба монанди арғувони баҳор Зи пой то ба сарам гулфишонӣ мехоҳам….
Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман, – Лоик Шерали
Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман, Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман. Пас аз домони модар доманат домони умрам буд, Ту…
Аз дур ошёни туро ёд мекунам, – Лоик Шерали
Аз дур ошёни туро ёд мекунам, Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам. Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам, Айвони гулфишони туро ёд мекунам. Аз…
Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният хуш бигзарад, – Лоик Шерали
Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният хуш бигзарад, Эй хуни қурбони сухан, қурбоният хуш бигзарад. Эй ақл, бо доноият аз мӯр ҳам нодонтарӣ, Дар баҳсҳои…
Эй нозиме, ки ҷуз мағал аз шоирит нест, – Лоик Шерали
Эй нозиме, ки ҷуз мағал аз шоирит нест, Ҷуз чанд лоф аз луғати модарит нест. Дар шеър дод мезанӣ аз мардиву ғурур, Дар зиндагонӣ заррае…
Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам, – Лоик Шерали
Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам, Намедонам чӣ мехоҳам, намедонам чӣ ғам дорам. Сарам мечархад аз мастӣ, дилам меларзад аз сустӣ, Гаҳе аз…
Чӣ кунам, расми рӯзгорон аст – Лоик Шерали
Чӣ кунам, расми рӯзгорон аст Ишқ тақдири сарбадорон аст. Навбати ман гузашт аз дунё, Навбати ту висоли ёрон аст. Қисмати ман ҳазор қисмат шуд, Қисмати…
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо, – Лоик Шерали
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо, Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо. Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст,…
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар, – Лоик Шерали
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар, Ки дарахти умр дорад решапайванди дигар. Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯи замин, Боз дар рӯи замин рӯяд…
Хонаи нав нишонаи нав бод, – Лоик Шерали
Хонаи нав нишонаи нав бод, Шодии нав, таронаи нав бод. Баҳри фардои кӯдакони умед Ин макон ошёнаи нав бод. Баъди он қадр ҳақталошиҳо Хонаи нав…