Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ, – Лоик Шерали

Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ,
Он, ки ман хоста будам зи ҷаҳон, они манӣ.
Дар миёни ҳама ин талхиву шӯрии ҷаҳон
Намаки умри манӣ, шираи армони манӣ.
Баски девонаи девони ғазалсози туям,
Баски байтулғазали дафтару девони манӣ,
Ҳар сухан, к-аз лаби ту рехт, сурудаш кардам,
Ман сухансози туям то ту сухандони манӣ.
Ту ғазалбахши манӣ то бағалат пурғазал аст,
“Ман ғазалгӯи туам то ту ғазалхони манӣ”
Ғазале аз бағалат баҳри мани камбағалат
Армуғон соз, ки ту соҳиби эҳсони манӣ.
15.10.1995
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *