Ғазалиёт – Лоика Шерали
Як наъраи шерона, эй миллати шеравжан, – Лоик Шерали
Як наъраи шерона, эй миллати шеравжан, Шоиркуширо бас кун, эй қудрати шерафкан! Равшандилият равшан бар кулли башар буда, Ҳар тирадиле бинӣ, тир аз паи тир…
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо, – Лоик Шерали
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо, Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо Эй камшумораҳо дар осмони ақл, Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо, Аз ваҳдати худо то ваҳдати худӣ Гуфтанд…
Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ, – Лоик Шерали
Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ, Нақди дилу ҷон дар бағал шод омадӣ, шод омадӣ. Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта Бар қасди…
Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат, – Лоик Шерали
Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат, Лаб ба лаб бинҳодану аз шӯри дил ларзиданат. Умри ман қурбони он соат, ки аз бӯсу канор Бо ҳавои…
Чанд зору низор гардидем, – Лоик Шерали
Чанд зору низор гардидем, Гул парастида, хор гардидем. Карда аз сӯи хеш қатъи назар, Сӯи парвардгор гардидем. Оташи суғд мурд аз ислом, Мурдаи бемазор гардидем….
Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ, – Лоик Шерали
Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ, Гар ба афлок паридам, ту заминам будӣ. Сар ба сад дар бизадам, як дари дил боз нашуд,…
Худоё, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ. – Лоик Шерали
Худоё, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ. Илоҳо, беаҷал мирад, касе дорад мағалбозӣ. Бихобад зуд дар тобут он баттол, к-аз кӯрӣ Ғазалсозии моро дида, пиндорад дағалбозӣ….
Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат! – Лоик Шерали
Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат! Ба ҷуз ғам нест ғамхорат, худо ёрат, худо ёрат! Ягона меҳрубонат рафт, яъне ҷони ҷонат рафт, Ту…
То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил, – Лоик Шерали
То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил, То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил. Ту – навбаҳори шеъри ман,…
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам, – Лоик Шерали
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам, Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам. Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ, Бар пора-пора пайкари миллат гиристам. Чун на саре на…
Раҳми парвардигори мо омад, – Лоик Шерали
Раҳми парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад. Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд, Ҳотифи зиндадори…
Офарин ҳамқаламон, ҳамқадамон, ҳамқадаҳон – Лоик Шерали
Офарин ҳамқаламон, ҳамқадамон, ҳамқадаҳон Бо ҳама теғи забон, теғи қалам бесилаҳон. Офарин номварон дар бари ин комварон, Офарин симу зарон дар бари ин хокираҳон, Дар…
Об хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо, – Лоик Шерали
Об хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо, Тоб хурдам солҳо дар дасти оҳантобҳо. Ханда кардам рӯзҳо бар зиндагони бемазоқ, Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо. Боб-боби…
Мову ту ҳар ду зиндаем, он ҷо туӣ, ин ҷо манам. – Лоик Шерали
Мову ту ҳар ду зиндаем, он ҷо туӣ, ин ҷо манам. Як чашмаи дарё туӣ, як чашмаи дарё манам. Дунёи бесоҳиб агар соҳиб наёбад баҳри…
Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам, – Лоик Шерали
Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам, Дар замин дастогиребон бо ҳама гардун шудам. Сарфарозӣ ҳар қадар кардам ба сӯи осмон, Он қадар дар…
Ман зинда берун омадам аз гӯрҳо, аз гӯрҳо – Лоик Шерали
Ман зинда берун омадам аз гӯрҳо, аз гӯрҳо Наздики ёрон омадам аз дурҳо, аз дурҳо. Оғӯши қисмат боз шуд, сад хони неъмат соз шуд Гӯёву…
Ишқи нав омад, худоё, ҷони нав бахшо маро, – Лоик Шерали
Ишқи нав омад, худоё, ҷони нав бахшо маро, Ташналаб ҳаргиз мабар аз соҳили дарё маро. То бидидам чашми ӯ, дунё ба чашмам ҳеҷ шуд, Ё…
Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс, – Лоик Шерали
Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс, Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсӯс. Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам, Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам,…
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ, – Лоик Шерали
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ, Дар дили худ нашъаи кайҳонкушоӣ доштӣ. Медавидӣ ҳамраҳи ман байни гулҳо гул ба даст, Пеши рӯи навбаҳоре худнамоӣ…
Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора, – Лоик Шерали
Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора, Биё аз як гиребон сар барорем, эй накӯкора! Намебинӣ, намесӯзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ, Ки механдад ба ҳоли мо…
Дар ҳар куҷо садоқати ман кор мекунад, – Лоик Шерали
Дар ҳар куҷо садоқати ман кор мекунад, Азми ману матонати ман кор мекунад. Дар сохтмони Нораку Роғон на шасти об, Он ҷо дилу муҳаббати ман…
Гумном мекушанд маро номдорҳо, – Лоик Шерали
Гумном мекушанд маро номдорҳо, Ноком мебаранд маро комгорҳо. Як сар баланд дида маро аз ҷалоли худ, Полағз медиҳанд маро поядорҳо. Ман дар замини вусъати худ…
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, – Лоик Шерали
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, Ғулғули Сомониён ояд ҳаме. Аз Бухоро бар Душанбеи шариф “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”. Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон, Тахти…
Бесаводам аз савод омӯхтан, – Лоик Шерали
Бесаводам аз савод омӯхтан, Бефурӯғам аз ҷаҳон афрӯхтан. Гумраҳам дар “шоҳроҳи ленинӣ”, Муфлисам аз ганҷи дунё тӯхтан. Рост машмар пухтагиҳои маро, Хомсӯзам аз паёпай сӯхтан….
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода, – Лоик Шерали
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода, Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода. Гиреҳ мебандӣ абрӯро, ки дар корам гиреҳ афтад, Зи кӯят меравам бо бори…
Аз ман куҷо мақолаву нутқу масал расад – Лоик Шерали
Аз ман куҷо мақолаву нутқу масал расад Ман ошиқам, зи табъи ман танҳо ғазал расад. Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам, Аз хомаам таровиши…
Агар ёдат кунам, хуршеди пуранвор механдад, – Лоик Шерали
Агар ёдат кунам, хуршеди пуранвор механдад, Ба болои сарам ин гунбади даввор механдад. Ба ёди ганҷи рози ту, аё зебои кӯҳистон, Тамоми ганҷҳо дар синаи…
Як саҳар сафар кардам, – Лоик Шерали
Як саҳар сафар кардам, Зиндагонӣ сар кардам. Чашмбаста бар дунё Як назар назар кардам. Рафтаму надидам ҳеҷ, Ҳеҷро асар кардам. Офтоби умрамро Сарфи як шарар…
Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод! – Лоик Шерали
Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод! Эй он, ки бефасонаӣ, роҳат сафед бод! Эй он, ки дар канори ин дунёи беканор Раҳҷӯи бекаронаӣ, роҳат…
Эй бародар, ману ту ҳамватанем, – Лоик Шерали
Эй бародар, ману ту ҳамватанем, Булбули шохи гули як чаманем. Зодаи чашмаи як домани кӯҳ, Рӯди ҷорӣ суи дашту даманем. Зоди мо дар раҳи дил…
Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда, – Лоик Шерали
Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда, Андар макони хеш дилам ломакон шуда. То рӯи хунчакони туро ёд мекунам, Бо ёди рӯи ту…
Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст – Лоик Шерали
Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст Як нигоҳи вопасин бар осмонам мондааст. Бар камони қадди худ мебинаму хун мехурам, Тирҳо рафтанд, дуде аз камонам…
Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт, – Лоик Шерали
Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт, Мехост роз гӯяду аммо забон надошт. Тухме накошт ҳар касе андар замини вақт, Гар тобиши ситорае…
Худовандо, ки дар зотат раҳимӣ ҳасту раҳмонӣ, – Лоик Шерали
Худовандо, ки дар зотат раҳимӣ ҳасту раҳмонӣ, Чаро моро ато кардӣ ба сад ҷурми мусалмонӣ? Як исломӣ зи исломӣ равад бар коми нокомӣ, Яке нозад,…
Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст – Лоик Шерали
Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст Бигузар зи раҳгузорам, ки гузашти ман яқин аст. Чу ба остонат оям, ба ман остин маяфшон,…
То дар ин кӯҳу камар эмин зи аъдо мондаӣ, – Лоик Шерали
То дар ин кӯҳу камар эмин зи аъдо мондаӣ, Дар дили сад дашту саҳро дасту сарҳо мондаӣ. Бемадина, бесафина, бехазина, бенасиб Кӯ ба кӯю дар…
Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш, – Лоик Шерали
Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш, Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш. Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш. Ҷавониҳои…
Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат! – Лоик Шерали
Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат! Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат! Эй паршикастаи ман, мисли уқоб бигзашт Ҳамболу ҳампари ту,…
Осмонҳоро бо сар бардоштем, – Лоик Шерали
Осмонҳоро бо сар бардоштем, То зи хоки тар самар бардоштем. Қасди мо фатҳи маҳу анҷум набуд, Одамиро то қамар бардоштем. Аз замин – парвозгоҳи орзу…
Нишони сармадӣ ҷустам, нишони тир шудам, – Лоик Шерали
Нишони сармадӣ ҷустам, нишони тир шудам, Ғарибу бекасу бечораву фақир шудам. Агарчи шери ҳузарбам, тазоди қисмат бин, Ба дасти як саги дунболагар асир шудам. Чунин…
Мо ҳам барои хеш ҷаҳон офаридаем, – Лоик Шерали
Мо ҳам барои хеш ҷаҳон офаридаем, Мо ҳам зи дарди ишқ даме н-орамидаем. То бо бисоти хотири ёр ошно шавем, Эй бас зи хеш рафтаву…
Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода, – Лоик Шерали
Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода, Зи неши сарзаниши тӯдае зинозода. Бинӯш бода, ки чашми ҳасуд гардад кӯр, Бимирад аз ғами ночорию зи ғамбода. Чу…
Куштаи бисёр додӣ, боз рӯҳат зинда аст – Лоик Шерали
Куштаи бисёр додӣ, боз рӯҳат зинда аст Поя дар ин хок дорӣ, давлатат поянда аст. Гарчи аз домони кӯҳат рӯди хун ҷорӣ шуда, Қуллаи кӯҳат…
Кардам агар гуноҳ, гуноҳи кабир буд, – Лоик Шерали
Кардам агар гуноҳ, гуноҳи кабир буд, Ҷустам агар диле, дили бас беназир буд. Ӯ ёри рӯҳи ман буду боли хаёли ман, Тағйири бахши зиндагӣ афсӯс…
Имоми ду тарафро мекунам табрик, – Лоик Шерали
Имоми ду тарафро мекунам табрик, Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик! Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост, Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик….
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем, – Лоик Шерали
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем, Баҳр меҷӯему бо ҷӯе қаноат мекунем. Ишқ меҷӯему аз шавқе пушаймон мехурем, Ком меҷӯему бо ҷоме кифоят мекунем. Меҳр…
Дилам месӯзад имшаб аз ғами ҷонсӯзи маҳҷурӣ, – Лоик Шерали
Дилам месӯзад имшаб аз ғами ҷонсӯзи маҳҷурӣ, Дилам мегиряду мегиряд аз тақдири маҷбурӣ. Туро дидам, басо дидам, вале нашнохтам, афсӯс, Ҳам аз ин чашми бино…
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист, – Лоик Шерали
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист, Фарзанди замонему надонем замон чист. То пир нагардем, нафаҳмем ҷавонӣ, То хок нагардем, надонем нишон чист. То ташна намонем,…
Гар туро меёфтам бори дигар, – Лоик Шерали
Гар туро меёфтам бори дигар, Кай дигар мекофтам ёри дигар. Гар паноҳам буд девору дарат, Сар намесудам ба девори дигар. Мехаридӣ гар маро, ҳоло набуд…
Боз шаб то субҳдам бедор месӯзад дилам, – Лоик Шерали
Боз шаб то субҳдам бедор месӯзад дилам, Боз аз ғамҳои он ғамхор месӯзад дилам. Бахти ноҳамвори ман ҳамвор кай гардад дигар, Баъд аз ин ҳамвора…