ЯК ЗАМОН ОМАД, КИ… – 1

ЯК ЗАМОН ОМАД, КИ…

Як замон омад, ки меъмори муаммо гашт меҳр,
Бар Китоби Сурх дохил – тухми Анқо гашт меҳр!

Марду занро нест шафқат нисбати фарзанди хеш,
Дар талотумхонаи дунё муҳобо гашт меҳр!

Аз бародар рӯй гардонад бародар бесабаб,
Хоҳар аз хоҳар гурезад, хони яғмо гашт меҳр!

Шиква ҳасту нест бӯи одаму одамгарӣ,
Назди волидайни бе андеша расво гашт меҳр!

Меҳрубониро касе н-омӯхт аз бӯзинагон,
Тарзи тақлидаш хуш аз ҳар як алоло гашт меҳр!

Воҷидо, дарси муҳаббат беҳтарин шуғл асту бас,
Орзӯи бардавоми пиру барно гашт меҳр!

( Vojidi Ashti )
21.08.2023

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *