ҶУЗ МОДАР КӢ МОНД_

ҶУЗ МОДАР КӢ МОНД?

Дӯст, дар дунёи дунпарвар ба ҷуз модар кӣ монд?
Дӯстӣ омад ба сар чун бингарӣ яксар, кӣ монд?

Шаш ҷиҳат гӯё бувад сарбастатар чун садди Чин,
Эй умедо, аз нишоте худ паёмовар кӣ монд?

Осмон бо дурии худ хокпӯшам кардааст,
Бар фиреби рӯбаҳи тақдир хушбовар кӣ монд?

Бо гузашти солу маҳ парварда шуд садсола ғам,
Бо чунин парвардағам дар мазҳари дафтар кӣ монд?

То ба дарёи хаёл аз нав ғариқи ғам шудам,
Дар дами раҳгумзаданҳо муттако раҳбар кӣ монд?

( Vojidi Ashti )
24.07.2023

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *