ҚИССАИ ШОИРИ ФАҚИР…

ҚИССАИ ШОИРИ ФАҚИР…

Ман бигӯям достон бар дӯстон
Ин ҳақиқат, қиссаи ғамнок он.
Буд, шоир, дар замоне, пеш аз ин,
Камбизоат,лек ,ғанӣ аз илму дин.
Рафт шоир сӯи бозор харсавор
То ба даст орад қуте аз мардикор.
Як паривашро бидид дар нимароҳ,
Шуд ғуломи он парӣ Эзад гувоҳ.
Мурғи қалбаш дар қафас дилтанг шуд,
Ҳам замину осмон беранг шуд.
Шишт бар зонуву,гуфт:-эй дилнавоз,
Ин сару савдои манро чора соз.
Дардманду хастаам,дору туӣ,
Чорасози дарди ман маҳрӯ туӣ.
Гар ту дармон мекуни эй ҷон,маро,
Ман фидоят, бурдаи имон маро.
Ман надорам дурру марҷону ақиқ,
Бахшамат дурдонаи ҳарфи шақиқ.
Ту бароям чун Масеҳо омадӣ,
Бар дили доғам мудавво омадӣ.
Чун надошт у пайсаву мискин буд,
Рӯи у аз лоғарӣ пурчин буд.
Он парӣ гардонд рӯй аз навҷавон,
Сели ғам аз чашми шоир шуд равон.
Кори шоир ҷумла бебунёд шуд
Сӯхт ӯ, хокистараш барбод шуд.
Эй азизон, ин замон даври пул аст,
Хони доро пурраву серҳосил аст…
Хони нодор ҳамчунон сад соли пеш,
Ғайри нону чой нагардад ҳеҷ беш…
Гуфта буд он Ҳофизи ширинкалом,
Айби туст- дорои ирфон,вассалом…

Розия Шарофиён

Тарҷумаи шоир- Воҷиди Аштӣ аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ;

КАМБАҒАЛ ШОИРНИНГ ҚИССАСИ

Дӯстлар, бу қиссани айлай баён;
-Бор эди бир тан фақиру нотавон,
Ӯзи шоир, қӯли калта, дилҳазин,
Кӯрди бозорда юрар бир нозанин,
Ул паривашни кӯриб бӯлгач адо,
Лол қолибди ҳуснига шоҳид Худо,
Қуш каби қалби қафасда талпиниб,
Бир нафас олмабди тин кӯзи тиниб,
Тизза бирла чӯккалаб, таъзим этиб,
Дебди; – ошиқман санга, ӯздан кетиб.
Манга раҳм эт, эй қизил юзлик гӯзал,
Тортиқ айлай санга жонимни, асал,
Манда йӯқ дурру жавоҳирлар, ишон,
Жондан ӯзга давлатим йӯқдир ягон,
Гар мани ҳолимга сан раҳм этмасанг,
Ҳеч ким эрмасман қӯлимдан тутмасанг,
Келдинг Исои Масеҳдек рӯпара,
Кӯрмасам лутфингни битмас бу яра.
…Ул пули йӯқ камбағал шоир йигит,
Йӯқ эди, ҳатто танида тоза эт,
Қон етишмасди тани абгорига,
Ёқмади бу ҳолати ҳеч ёрига!
Нозанин боқди унга нафрат билан,
То йигит қон йиғлади ҳасрат билан!
Кӯр, ким ошиқни муҳаббат хӯрлади,
Кӯкга шоирнинг фиғони ӯрлади!
Пулни даври, кимни шайтон аврамас?
Ушбу аср ошиқни буткул давримас!
Бу фалак жоҳилга бергай тожу тахт,
Эй билимдон, шу гуноҳинг ӯзи бахт!

АЗ ТОҶИКӢ БА ӮЗБЕКӢ БАРГАРДОН КАРДА ШУД.
БО ЭҲТИРОМ -ВОҶИДИ АШТӢ
(Vojidi Ashti)
12.07.2023
17:15

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *