Газали 20 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ГАЗАЛИ 20

Бесутун ёде зи Фарҳоди надоматфол кард, Сангро бетобии оҳи шарар ғирбол кард.

Аз таби савдои Маҷнун хондам афсуне ба дашт Гирдбодаш то фалак ороиши табхол кард.

Нола тӯфонхез шуд, то норасо афтод ҷаҳл, Булбули мо тарҳи минқор аз шикасти бол кард. Қомаги пирӣ қиёмат дорад аз шӯри раҳил,

Хоби мо гар талх кард, овози ин халхол кард. Нафйи худ кардам, ду олам орзу шуд маҳви яъс, Гардиши ранги гулам чандин чаман помол кард. Гар набошад дил, димоги кулфати ҳастӣ кирост? Улфати ойинаам заҳматкаши тимсол кард. Қуввати омол дар пирӣ яке даҳ мешавад,

Ҳалқаи қадди дутоям сифри моҳу сол кард. Сайри кӯйи ӯ хаёл ойинаи пардоз дод,

Рангҳои рафта чун тимсол истиқбол кард.

Халқе аз ороиши ҷоҳ инфиоландуд раф г,

Субҳи мо ҳам хандае бар фурсати иқбол кард.

Бе хамидан нест аз бори нафас дӯши ҳубоб, Бедилонро низ ҳастӣ инқадар ҳаммол кард. Шуълаи мо, Бедил, аз асрори роҳат ғофил аст, Аз шикасти ранг бояд сар ба зери бол кард.

РУБОИИ 20

Он кас, ки ҳаё далели роҳаш бошад,

Аз аксари офот паноҳаш бошад.

Камтар чинад ғубори ин дашти ҳавас,

Чашме, ки ба пеши по нигоҳаш бошад.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *