Ҳаргиз Ҳасад Набурдам Бар Мансабсю Моле,

Ҳаргиз ҳасад набурдам бар мансабсю моле,
Илло бар он ки дорад бо дилбаре висоле.
Донӣ, кадом давлат дар васф менаёяд?
Чашме, ки боз бошад ҳар лаҳза бар ҷамоле.
Хуррам тане, ки маҳбуб аз дар фарозаш ояд,
Чун ризқи иекбахтон бе миннати суоле.
Ҳамчун ду магзи бодом, андар яке хазина,
Бо ҳам гирифта унсе в-аз дигарон малоле.
Донӣ, кадом ҷоҳил бар ҳоли мо бихандад,
К-ӯро набуда бошад дар умри хеш ҳоле?
Баьд аз ҳабиб бар ман нагзаштҷуз хаёлаш
В-аз пайкари заифам нагзошт ҷуз хаёле.
Аввал, ки гӯй бурдӣ, ман бурдаме ба дониш,
Гар судманд будӣ бе давлат эҳтиёле.
Соле висол бо ӯ як рӯз буд, гӯӣ
Рӯзе гараш набинам, бошад ба қадри соле!
Айёмро ба моҳе як шаб ҳилол бошад
В-он моҳи дилситонро ҳар шаб бувад ҳилоле!
Сӯфӣ назар набозад ҷуз бо чунин ҳарифе,
Саъдӣ газал нагӯяд, ҷуз бар чунон ғизоле!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *