Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд, – Лоик Шерали

Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд,
Як ҷаҳон шӯри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд.
Омадӣ бо гесӯи чун обшорон рез-рез,
Шодии ҷони ғарибам дур аз тасвир буд.
Ташнагиҳои дилам бишкаст лабҳои тарат,
Дар замоне, ки дилам аз рӯи олам сер буд.
Омадӣ аз роҳи дур, аз хештан бигрехта,
Гӯӣ бахти бад дар он манзил туро пайгир буд…
Омадӣ бо чашмҳои бегуноҳу бепаноҳ,
Ҳар нигоҳат сад ҳазорон фоли бетаъбир буд.
Омадию ман туро бишнохтам бо чашми дил
Баски дар чашмон-т нури шеъри оламгир буд…
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *