Ҳар Кӣ Ҳар Бомдод Пеши Касест,

Ҳар кӣ ҳар бомдод пеши касест,
Ҳар шабонгоҳ дар сараш ҳавасест,
Дил манеҳ бар вафои сӯҳбати ӯ,
К-он чунонро ҳариф чун ту басест!
Меҳрубонию дӯстӣ варзад
То туро макнатею дастрасест,
Гӯяд: «Андар ҷаҳон тӯӣ имрӯз,
Гар маро мӯнисею ҳамнафасест».
Боз бо дигаре ҳамегӯяд:
«К-ин ҷаҳон бе ту бар дилам қафасест».
Ҳамчу занбӯр дар ба дар пӯён,
Ҳар куҷо тӯъмае бувад, магасест.
Ҳама даъвию фориғ аз маънӣ,
Рост гӯӣ, миёнтиҳӣ ҷарасест!
Пеши он замми ин кунад, ки «харест»,
Назди ин айби он кунад, ки «хасест».
Ҳар куҷо бинӣ инчунин касро,
Илтифоташ макун, ки ҳеҷ касест!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *