Хилофи Сарвро Рӯзе Хиромон Сӯи Бӯстон Ой,

Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бӯстон ой,
Даҳон чун гуча бикшою чу гулбун дар гулистон ой.
Дамодам ҳуриён аз хулди ризвон мефиристандат,
Ки эй ҳурии инсонй, даме дар боги ризвон ой.
Гарат андеша мебошад зи бадгӯёни бемаънӣ,
Чу маънӣ мӯъҷаре барбанду чун андеша пинҳои ой.
Дилам гирди лаби лаълат Сикандарвор мегардад,
Нагӯӣ, к-охир, эй мискин, фарози оби ҳайвон ой.
Чу ақраб душманон дориву ман бо ту чу мизонам,
Барои маслиҳат, моҳо, зи ақраб сӯи мизон ой.
Ҷаҳоне ишқбозонанд дар аҳди сари зулфат,
Раҳо кун роҳи бадахдиву андар аҳди эшон ой.
Хушомад нест Саъдиро дар ин зиндони ҷисмонӣ,
Агар ту якдилӣ бо ӯ, чу ӯ дар олами ҷон ой.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *