Он Кист, Ки Меравад Ба Нахҷир

Он кист, ки меравад ба нахҷир
Пои дили дӯстон ба занҷир?
Ҳамшираи ҷодувони Бобул,
Ҳамсояи лӯъбатони Кашмир
Ин аст биҳишт, агар шунидӣ,
К-аз дидани ӯ ҷавон шавад пир!
Аз ишқи камони дасту бозуш
Афтода хабар надорад аз тир.
Наққош, ки сураташ бубинад
Аз даст бияфканад тавосир.
Эй сахтҷафои сустпаймон,
Рафтию чунин бирафт тақцир!
Кӯтаҳназарон маломат аз ишқ
Бефоида мекунанду таҳзир.
Бо ҷон магар аз ҷасад барояд,
Хуне, ки фурӯ шудаст бо шир.
Гар ҷон талабад ҳабиби ушшоқ,
На сабр раво бувад, на таъхир!
Ӯро, ки мурод дӯсг бошад,
Гӯ; тарки муроди хештан гир!
-Саъдй, чу асири ишқ мондй,
Таъбири ту чист?
– Тарки тадбир!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *