Нарафт, То Ту Бирафтӣ, Хаёлат Аз Назарам,

Нарафт, то ту бирафтӣ, хаёлат аз назарам,
Бирафт дар ҳама олам ба бедилӣ хабарам.
На бахту давлати онам, ки бо ту биншинам,
На сабру тоқатн онам, ки аз ту даргузарам.
Ман аз ту рӯй нахохам ба дигаре овард,
Ки зишт бошад ҳар рӯз қиблаи дигарам!
Балои ишқи ту дар ман чунон асар кардаст,
Ки панди олиму ҷоҳил намекунад асарам.
Қиёматам, ки ба девори ҳашр пеш оранд,
Миёни он ҳама ташвиш дар ӯ менигарам!
Ба ҷони дӯсг, ки то дӯст дар барам бошад,
Ҳазор душман агар бар саранд, ғам нахӯрам!
Нишони пайкари хубат наметавонам дод,
Ки дар тааммули ӯ хира мешавад басарам.
Ту низ агар нашиносӣ маро, аҷаб набувад,
Ки ҳар чи дар назар ояд, аз он заифтарам.
Ба ҷону сар, ки нагардонам аз висолат рӯй,
Агар ҳазор маломат расад ба ҷону сарам!
Маро магӯй, ки Саъдӣ, чаро парешонӣ?
Хаёли рӯи ту бармекунад ба якдигарам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *