Машнав, Эй Дӯст, Ки Гайр Аз Ту Маро Ёре Ҳаст!

Машнав, эй дӯст, ки гайр аз ту маро ёре ҳаст!
Ё шабу рӯз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст.
Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас,
Ки ба ҳар ҳалқаи мӯят гирифторе ҳаст.
Г ар бигӯям, ки маро бо ту сару коре нест,
Дару девор гувоҳӣ бидиҳад: коре ҳаст!
Ҳар ки айбам кунад аз ишку маломат, гӯям:
То надидасг туро, бар манаш инкоре ҳаст.
Сабр бар ҷаври рақибат чӣ кунам, гар накунам?
Ҳама донанд, ки дар сӯҳбати гул хоре ҳаст.
На мани хомтамаъ ишқи ту меварзаму бас,
Ки чу ман сӯхта дар хайли ту бисёре ҳаст.
Ман чӣ дар пои ту резам, ки писанди ту бувад?
Ҷону сарро натавон гуфт, ки микдоре ҳаст.
Ман аз ин далқи мураққаъ бадар оям рӯзе,
То ҳама халқ бидонанд, ки зунноре ҳаст.
Ҳамаро ҳаст ҳамин доғи муҳаббат, ки марост,
Ки на ман мастаму дар даври ту ҳушёре ҳаст.
Ишқи Саъдӣ на ҳадисест, ки пинҳон монад,
Достонест, ки дар ҳар сари бозоре ҳаст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *