Қимати Гул Биравад, Чун Ту Ба Гулзор Оӣ

Қимати гул биравад, чун ту ба гулзор оӣ
В-об ширин, чу ту дар хандаву гуфтор оӣ.
Ин ҳама ҷилваи товусу хиромидани ӯ
Бори дигар накунад, гар ту ба рафтор оӣ.
Чанд бор охират, эй дил, ба насиҳат гуфтам,
Дида бардӯз, набояд, кн гирифтор оӣ.
Маҳ чунин хуб набошад, ту магар хуршедӣ,
Дил чунин сахт набошад, ту магар хороӣ?
Гар ту сад бор биёӣ ба сари куштаи ишқ,
Чашм бошад метарсад, ки дигар бор оӣ.
Сипар аэ теги ту дар рӯй кашидан наҳист,
Ман хусумат накунам, гар ту ба пайкор оӣ.
Кас намонад, ки ба дидори ту вола нашавад,
Чун ту лӯъбат эи паси парда падидор оӣ.
Дигар, эй бод, ҳадиси гулу сунбул накунӣ,
Гар бар он сунбули зулфу гули рухсор оӣ.
Дӯст дорам, ки касат дӯст надорад ҷуз ман,
Ҳайф бошад, ки ту дар хотири ағёр оӣ.
Саъдиё, духтари анфоси ту бас дил бибурд,
Ба чунин сурату маънӣ, ки ту меороӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *