Ишқбозӣ На Ман, Охир, Ба Ҷаҳон Овардам,

Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам,
Ё гуноҳест, ки аввал мани мискин кардам.
Ту ки аз сурати ҳоли дили ман бехабарӣ,
Ғами дил бо ту нагӯям, ки надонӣ дардам. .
Эй, ки манъам кунй аз ишқу маломат гӯӣ,
Ту набудӣ, ки ман ин ҷоми муҳаббат хӯрдам!
Ту бирав маслиҳати хештан андеш, ки ман
Тарки ҷон додам аз он рӯз, ки дил биспурдам.
Аҳдам ин аст, ки ҷон дар сари кори ту кунам,
Гар ман ин аҳд ба поён набарам, номардам!
Ман, ки рӯй аз ҳама олам ба висолат кардам,
Шарти инсоф набошад, ки бимонӣ фардам.
Рост хоҳӣ, ту маро шефта мегардонӣ!
Гирди олам ба чунин рӯз на ман мегардам!
Хоки наълайни ту, эй дӯст, намеёрам шуд,
То бад-ин домани исмат нанищинад гардам!
Рӯзи девони ҷазо дасти ману домани ту,
Ту бигӯӣ дили Саъди ба чӣ ҷурм озурдам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *