Гар Касе Сарв Шунидаст, Ки Рафтаст, Ин Аст!

Гар касе сарв шунидаст, ки рафтаст, ин аст!
Ё санавбар, ки баногӯшу бараш симин аст!
На баланд аст ба сурат, ки ту маълум кунӣ,
Ки баланд аэ наэари мардуми кӯтаҳбин аст.
Хоб бар аҳди ту бар чашми ман ояд? Ҳайҳот!
Ошиқӣ кори саре нест, ки бар болин аст!
Ҳама ором гирифтанду шаб аз нима гузашт,
В-он чи дар хоб нашуд чашми ману Парвин аст.
Худ гирифтам, ки назар бар рухи хубон куфр аст,
Ман аз ин бознагардам, ки маро ин дин аст!
Вақти ин аст, ки мардум раҳи саҳро гиранд,
Хоса акнун, ки баҳор омаду фарвардин аст!
Чаман имрӯз биҳишт асту ту дарменоӣ,
То халоиқ ҳама гӯянд, ки ҳурул-ин аст.
Ҳар чи гуфтем дар авсофи камолияти ӯ,
Ҳамчунон ҳеҷ нагуфтем, ки садчандин аст!
Он чи сарпанҷая симини ту бо Саъдӣ кард,
Бо кабутар накунад панҷа, ки бо шоҳин аст.
Ман дигар шеър нахоҳам бинависам, ки магас
Заҳматам медиҳад, азбаски сухан шнрин аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *