Аз Дасти Дӯст Ҳар Чӣ Ситонӣ Шакар Бувад,

Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ шакар бувад,
В-аз дасти ғайри дӯст табарзад табар бувад!
Душман гар остини гул афшонадат ба рӯй,
Аз тири чарху санги фалохун батар бувад.
Гар хоки пои дӯст худованди шавқро
Дар дидагон кашанд, ҷилои басар бувад.
Шарти вафост он ки чу шамшер баркашад
Ёри азиз, ҷони азизаш сипар бувад!
Ё Раб, ҳалоки ман макун, илло ба дасти дӯст,
То вақти ҷон супурданам андар иазар бувад!
Гар ҷон диҳию гар сари бечорагӣ ниҳӣ,
Дар пои дӯст – ҳар чӣ куиӣ, мухтасар бувад.
Мо сар ниҳодаему ту донию тегу тоҷ,
Теғе, ки моҳрӯй занад, тоҷи сар бувад!
Муштокро, ки сар биравад дар вафои ёр,
Он рӯз рӯзи давлату рӯзи зафар бувад!
Мо тарки ҷон аз аввали ин кор гуфтаем,
Онро, ки ҷон азиз бувад, дар хатар бувад.
Он, к-аз бало битарсаду аз қатл гам хӯрад,
Ӯ оқил асту шеваи маҷнун дигар бувад.
Бо нимпухтагон натавон гуфт сӯзи ишқ,
Хом аз азоби сӯхгагон бехабар бувад!
Ҷоно, дили шикастаи Саъдӣ нигоҳ дор!
Донӣ, ки оҳи сӯхтагонро асар бувад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *