3-Андоза Берун Ташнаам, Соқӣ, Биёр Он Обро!

3-андоза берун ташнаам, соқӣ, биёр он обро!
Аввал маро сероб кун, он гаҳ бидеҳ асҳобро!
Ман низ чашм аз хоби хуш барменакардам пеш аз ин,
Рӯзи фироқи дӯстон шабхуш бигуфтам хобро.
Ҳар порсоро, к-он санам дар пеши хотир бигзарад,
Чашмаш ба абрӯ афканад, ботил кунад, мехробро.
Ман сайди ваҳшӣ нестам дар банди ҷони хештан,
Гар вай ба тирам мезанад, истодаам партобро!
Миқдори ёри ҳамнафас чун ман надонад ҳеҷ кас,
Моҳӣ, ки бар хушк уфтад, қимат бидонад обро.
Вақте дар обе ҳамчунон дастею пое мезадам,
Акнун ҳамон пиндоштам дарёи бепоёбро.
Имрӯз ҳоло ғарқаам, то бар каноре ӯфтам,
В-он гаҳ ҳикоят мекунам то зиндаам ғарқобро.
Гар бевафоӣ кардаме, ярғу ба қоон бурдаме,
К-он кофир аъдо мекушад, в-ин сангдил аҳбобро.
Фарёд медорад рақиб аз дасти муштоқони ӯ,
Овози мутриб дар саро заҳмат бувад баввобро.
-Саъдӣ, чу ҷавраш мебарӣ, наздики ӯ дигар марав!
-Эй бебасар, ман меравам, ӯ мекашад қуллобро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *