Эй ҷон, ту сарнавишти маро иқтибос кун,

Эй ҷон, ту сарнавишти маро иқтибос кун,
Бар дигарону бо дигар касон қиёс кун.
Гар қомати чу сарви ман ин гуна бад расид,
Рухсат, бигир ту қомати моро чу ДОС кун.
Фармон агар зи сӯи то МО намерасад,
Бигзор ин ғуруру гаҳе илтимос кун.
Анбӯҳи хорро зи тафи доманам бичин,
Домони МО пур аз гули зебои ёс кун.
Аз он ки тандуруст маро дидани наӣ,
Нобуд, маро бисӯз ва бемори лос кун
Хоҳӣ ту исми ман ба ҳарфи хурд вогузор,
Ё номи ман ба дасти ҳарфи ҷинси хос кун. Sh.R. 2015.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *