Маро андар дили шаб,дар дили ин бистари танхо,

Маро андар дили шаб,дар дили ин бистари танхо,
Чи гуна мегузори,мерави бе хеч фикри пас.
Чи тавр осон месузи дар оташ,оташи хичрон
Саропои вучуди ман,шарики лахзаи вопас?!
Чи гуна тарк аз афсона кардан,ошнои ман
Бувад осон дар ин соати фанду фиреби дахр?
Дар ин соат,дар ин хангом,ки берун фитнаи холист
Ту бо афсона мечанги,ту дар афсона дори кахр?
Хамин соат,хамин хангом дигар такрор мехохад!
Дигар такрори дар афсона будан кахрамони хос.
Дигар такрори он дам,он дами оре,фаромуши
Гузоштан дар гулуи хастагиву нотавони дос!
Вале ман,нимашаб вакте туро гум кардам аз руье
Кунун аз ту,ки ранчиш дораму товон мехохам
Кунун андар дили ин гуна як шабхои такрори
Ба чои мах факат хуршеди бас тобон мехохам!
Бале,андар дили шаб офтоб,оре,факат хуршед
Факат рушноии аз аклу хадд ори,ба ними шаб
Сазои рафтан аз афсона ин аст …ох,,,меойи?
Ба як занги телефон,бо хамин харфе зи ними лаб???
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *