Эй Пистаи Ту Ханда Зада Бар Ҳадиси Қанд,

Эй пистаи ту ханда зада бар ҳадиси қанд,
Муштоқам, аз барои Худо, як шакар биханд!
Тӯбӣ зи қомати ту наёрад, ки дам занад,
3-ин қисса бигзарам, ки сухан мешавад баланд.
Хоҳӣ, ки барнахезадат аз дида рӯди хун,
Дил дар ҳавои сӯҳбати рӯди касон мабанд.
Гар ҷилва менамоӣ вар таъна мезанӣ,
Мо нестем мӯътақиди шайхи худписанд.
3-ошуфтагии ҳоли ман огоҳ, кай шавад.
Онро, ки дил нагашт гирифтори ин каманд?
Бозори шавқ гарм шуд, он сарвқад куҷост?
То ҷони худ бар оташи рӯяш кунам сипанд.
Ҷое, ки ёри мо ба шакарханда дам занад,
Эй писта, кистӣ ту? Худоро, ба худ маханд!
Ҳофиз, чу тарки ғамзаи туркон намекунӣ,
Донӣ куҷост ҷои ту? Хоразм ё Хуҷанд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *