Ҳазор Шукр, Ки Дидам Ба Коми Хештан Боз,

Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хештан боз,
Зи рӯи сидқу сафо гашта бо дилам дамсоз.
Равандагони тариқат раҳи бало сипаранд,
Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз нишебу фароз?
Ғами ҳабиб ниҳон беҳ, зи гуфтугӯи рақиб,
Ки нест синаи арбоби кина маҳрами роз.
Агарчи ҳусни ту аз ишқи ғайр мустағнист,
Ман он наям, ки аз ин ишқбозӣ оям боз.
Чӣ гӯямат, ки зи сӯзи дарун чӣ мебинам,
Зи ашк пурс ҳикоят, ки ман наям ғаммоз.
Чӣ фитна буд, ки машшотаи қазо ангехт,
Ки кард наргиси масташ сияҳ ба сурмаи ноз?
Бад-ин сипос, ки маҷлис мунаввар, аст ба дӯст,
Гарат чу шамъ ҷафое расад, бисӯзу бисоз!
Ғараз карашмаи ҳусн аст варна ҳоҷат нест
Ҷамоли давлати Маҳмудро ба зулфи Аёз.
Ғазалсароии Ноҳид сарфае набарад,
Дар он мақом, ки Ҳофиз бароварад овоз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *